Menu
Шаҳри Душанбе, М. Холов 33

Суроғаи мо

37 227777

РӮЗИ МОДАР

16.03.2020 0 Comment


Маъмурияти муассисаи давлатии таълимии литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе  ба маъмулоти Шумо  мерасонад, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи модар дар муассиса як қатор чорабиниҳои адабӣ-фарҳангӣ ба нақша гирифта шуда, гузаронида шуд. Аз ҷумла, муассиса бо шиору овезаҳо ва газетаҳои деворӣ дар васфи модар оро дода шуд. Байни хонандагони синфҳои 5-8 озмуни «Расми беҳтарин» гузаронида шуд. Дар ҳамаи синфҳои соати тарбиявӣ дар мавзӯъҳои «Модар-сарчашмаи ҳаёт», «Дасти дуои модар», «Модар чароғи хонадон», «Туӣи буду набудам, модари ман» доир гардид.

Бахшида ба Рӯзи модар аз таърихи 02-юм то 07-уми март  дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ хонандагон баромадҳои ҷолибу хотирмон пешкаш намуданд, ки сар то по баёнгари васфу ситоиши модар буд. Хонандагон бо сару либоси идона дар ситоиши модар шеърҳо қироат карданд, суруд  хонданд, саҳначаҳои тарбиявиро  пешкаши ҳозирин гардониданд.

Рӯзи 5-уми март дар толори китобхонаи муассиса озмуни «Қироати беҳтарин» байни синфҳои 5-8 гузаронида шуд. Хонандагон бо маҳорати баланд аз худ истеъдод нишон дода, кӯшиш менамуданд, ки яке аз дигаре беҳтар қироат кунад. Озмун ҷамъбаст гардида, ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани завқи эҷодкории хонандагон дар байни синфҳои 2-11 озмуни «Иншои беҳтарин» эълон карда шуд. Дар озмуни мазкур 46 нафар хонандагон иншо пешниҳод намуданд, ки аз ин теъдод 12 нафарашон сазовори ҷойҳои намоён гаштанд.

      Роҳбари муассиса дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ хонандагон ва омӯзгоронро бо фарорасии Рӯзи модар самимона табрику муборакбод намуд.

Рӯзи 06.03.2019 дар толори маҷлисгоҳи литсей чорабинии адабӣ- фарҳангӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба бузургӣ ва  ҷойгоҳи модар дар ҳаёти инсон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ омӯзгорону хонандагон, кормандони техникӣ ва волидайн иштирок намуда, аз ҳунару истеъдод ва суханварию самимияти баромадкунандагон ба ваҷд омаданд.

Чорабинӣ дар сатҳи баланд доир гардида, аз саҳначаҳои тарбиявӣ, видеороликҳои таъсирбахш, шеъру сурудҳои пурмазмун ва озмунҳои шавқангез иборат буд. Рафти чорабиниро телевизиони  «Душанбе» ба навор гирифт.

Аксҳо аз рафти баргузории чорабиниҳо дар ҳаҷми 3 (се) саҳифа замима мегардад.

ШАРИКОНИ МО